Дар бораи маҷалла
Лого тадж
 

ФАРҲАНГ ВА САНЪАТ.

Нашрия аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №560, аз 30 апрели соли 2001, бо номи «Олами ҳунар» номнавис шуда, то соли 2017 табъу нашр мешуд. Дар он мақолаҳои илмӣ ва эҷодии устодону донишҷӯёни донишкада, инчунин кормандони соҳаҳои фарҳанг ва санъати ҷумҳурӣ ба табъ мерасиданд. Шумораи нахустини маҷалла аз 28 саҳифа иборат буда, дар он 18 мақолаи илмӣ ба дасти чоп расидааст. Аз шумораи дувум сар карда, муқоваи маҷалла дар шакли ранга аз чоп баромад. То соли 2016 даҳ шумораи маҷаллаи «Олами ҳунар» ба табъ расид, ки дутои он нашри махсус буд. Дар ҳар шумораи маxалла  на камтар аз 18 мақолаи илмӣ нашр шудааст, ки дар маҷмӯъ 160-180 мақола мебошад. Шурӯъ аз соли 2017 маҷаллаи  «Олами ҳунар» ба нашрияи «ФАРҲАНГ ВА САНЪАТ» табдили ном кард. Он аз ҷониби  Вазорати фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №034/мҷ-97, аз 6 декабри соли 2017 номнавис  шудааст.

Маҷалла нашрияи илмӣ буда, дар он натиҷаҳои илмию пажӯҳишии рисолаҳои илмии дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм нашр мегарданд. Дар маҷалла мақолаҳои илмии омӯзгорону профессорон, магистрон, аспирантон ва доктор (PhD) - и донишкада, инчунин дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ва кишварҳои хориҷи дуру наздик, аз ҷумла Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба нашр расонда мешаванд.

Маҷалла дар як сол 4 маротиба аз чоп баромада, дар мақолаҳо масоили вобаста ба истиқлолияти фарҳангӣ, ҳамкориҳои фарҳангии минтақавӣ, рушди санъати миллӣ, соҳаи китобдорӣ-иттилоотӣ ва дигар мавзӯҳои муҳими соҳаҳои фарҳанг ва санъати кишвар ва берун аз он мавриди таҳлили амиқи илмӣ қарор мегиранд.  

Маҷалла аз се бахши илмӣ - Фарҳангшиносӣ ва фаъолияти иҷтимоӣ - фарҳангӣ, Санъатшиносӣ - (мусиқӣ, театр, кино, санъати тасвирӣ, рақс, хореография) ва Китобдорӣ - иттилоотӣ ва рӯзноманигорӣ (журналистика) иборат мебошад. Бахшҳои асосии маҷалла, муҳтаво ва мундариҷаи мақолаҳо бо Феҳристи ихтисосҳои илмие, ки дар заминаи онҳо дараҷаҳои илмӣ дарёфт мегарданд, мувофиқат менамоянд. Ҳамаи мақолаҳои илмии аз ҷониби муаллифон ба чоп пешниҳодшуда, барои гирифтани тақриз ба аъзои ҳайати таҳририяи маҷалла ва дигар муҳаққиқони соҳаи дахлдор супурда мешаванд. Ба муаллифон нусхаи тақризи манфӣ, бо нишон додани сабабҳои чоп нагардидани мақола, ирсол мегардад. 

Мундариҷаи маҷалла дар шакли фишурда ва калидвожаҳо ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба РИНЦ ворид карда мешавад. Шакли электронии маҷалла дар сомонаи расмии он ҷойгир карда шудааст. 

Мақолаҳои илмии чопшаванда дорои рӯйхати адабиёти истифодашуда мебошанд, ки дар асоси талаботи дар маҷалла бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба муаллифон пешниҳодшуда, мураттаб гардидаанд. Мақолаҳои илмӣ дорои фишурда ва калидвожаҳо буда, онҳо низ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тартиб дода шудаанд.

Маҷаллаи «ФАРҲАНГ ВА САНЪАТ» дорои рақами байналмилалии силсиланашрия ISSN 2616- 8944 мебошад.

Ҳайати таҳририяи маҷалла аз 7 доктори илм ва 8 номзади илм иборат аст.